|
ДАР БОРАИ
ТОҶИКИСТОН Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар қисмати ҷануби шарқии Осиёи Марказӣ ҷойгир аст. Территория - 143,1 ҳазор
километри мураббаъ. Шумораи аҳолӣ 7510,8 ҳазор нафар аст (аз санаи 1
октябри соли 2009). Пойтахт - Душанбе. Низоми пулӣ - сомонӣ, ки моҳи
октябри соли 2000 ҷорӣ карда шудааст. Сарҳади
давлатии - дарозии - 700 километр аз ғарб ба шарқ 350 км, аз шимол ба ҷануб.
Дар ғарб ва шимол бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон (910 км) ва Қирғизистон (630 км), ба ҷануб
ҳамсарҳад - бо Афғонистон (1030 км), дар шарқ - бо Чин (430 км). Иқлими Ҷумҳурии
Тоҷикистон континенталҳ мебошад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар июн - июл аз +30 то +35
дараҷаи Cелсия. Тоҷикистони муосир - як кишвари кӯҳистонӣ бо баландии аз 300 то
7495 метр аз сатҳи баҳр воқеъ шудааст. 93% кишвар қаторкӯҳҳои марбут ба Помир, Ҳисор-Олой
ва низоми Тян Шан аст. Заминҳои серҳосили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водиҳои
Фарғона, Зарафшон, Вахш ва Ҳисор воқеъ мебошанд. Дар мураккабии релеф ва
амплитудаи калони системаи кӯҳҳ ва қуллаҳои баланди барфпӯш боиси гуногунии
истисноии олами набототу ҳайвоноти кишвари мо гаштаанд. Тоҷикистон бо
баландтарин қуллаҳо, пиряхҳои бузург, дарёҳои ноорому бошитоб ва ҳайратангез, кӯлҳои
зебоии он, растаниҳо ва ҳайвоноти нодир худ як гушаи нодири ҷаҳонро
мемонад. Ин кӯҳистон аст, ки манзараҳои нотакрор ва вижагиҳои табиати Тоҷикистон,
гуогуншаклии онҳо, як қатор минтақаҳои иқлимӣ фароҳам меоварад. Мисоли
гугогуншаклии иқлим дар мамлакат ин аст, ки кас дар ним соат метавонад аз
гармии водии Вахш ба иқлими арктикии қаҳратуни абадии Помир бирасад. Дарё ва кӯлҳои
Тоҷикистон аз пиряхҳо ғизо мегиранд. Дарозии умумии 947 адад дарёҳо зиёда аз 28
500 километр мебоашад, ки онҳо 60 % захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 80 намудҳои хайвонҳои ширхор, заёда аз 365 намуди
парранда, 49 намуди хазанда, тақрибан 40 намуди моҳиҳо ва зиёда аз 10 ҳазор
намуди ҳашарот ҳаёт ба сар мебаранд. Аз ҳайвонҳои
палнгҳои барфӣ, силовсин, хирсҳо, гургҳо, рӯбоҳҳо ва саворҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳамзамон,
оҳу ва гӯсфандҳои кӯҳӣ низ биcёр паҳн шудаанд. Тоҷикистон маркази туризми кӯҳи
ва алпинизим ба ҳисоб меравад. Кӯҳҳои Тоҷикистон ҷойҳои хушманзаратарин буда, қаторкӯҳҳои
баландтарини Евроосиё, марғзорҳои кабуд ва алпӣ, инчунин тозатарин дарёҳоро дар
худ таҷассум менамоянд. Заминҳо дар
асос тирахоку қаҳваранг ва кӯҳи-марғзорӣ мебошанд. Растаниҳои биёбонӣ, даштӣ ва
баландкӯҳӣ-марғзорӣ вуҷуд доранд. Айни замон, дар Тоҷикистон 4 адад маънунгоҳ
(Тигровая балка, Ромит, Дашти Ҷум ва Зорқул) 13 адад парваришгоҳ ва парки миллӣ
фаъолият доранд. Масоҳати умумии ҳудудҳои табиии ҳифзшванда 21%-и ҳудуди умумии
ҷумҳуриро ташкил медиҳад.Захираҳои табиӣ: Захираҳои табии Тоҷикистон хеле
гуногунанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон
конҳои зиёди металҳои полихимикӣ, нодир ва асил муҳайё гаштаанд, аз ҷумла:
синк, сурб, молибден, волфрам, мисс, тилло, нуқра, сурма, симоб, шпати
гудохташаванда, қалъ, уран, бисмут, оҳан, манган, намаки ошпаз, магний ва дигар
металҳое, ки содршаванда ҳастанд. Ба конҳои маъруфи Тоҷикистон конҳои тиллои
Панҷакент ва Шуғнон, кони нуқрагии Конимансури Калон, кони сурмаи Анзоб, конҳои
санги мармар дар Ванҷ, Панҷакент, Дарвоз, Шаҳристон ва дигарҳо ба ҳисоб
мераванд. Ҳамзамон, конҳои ангишт, газ, нафт, мармар ва масолеҳи сохтмонӣ низ
вуҷуд доранд. Аз ҷиҳати захираҳои ангишт Тоҷикистон яке аз ҷойҳо болоиро дар
минтақаи Осиёи Марказӣ ишғол менамояд. Захираҳои геологии умумии он 4,0
миллиард тоннаро ташкил медиҳад, ки аз он 80%-аш ба ангишти коксӣ тааллуқ
дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон
дорои чашмаҳои беҳамтои шифобахш ва обҳои минералӣ мебошад. Захираҳои обӣ: Дарёҳои
асосӣ: Сирдарё, Амударё, Вахш, Панҷ, Зарафшон. Каналҳои обёрии бузург: Ҳисорӣ,
Далверзимн, қисмати тоҷикистонии каналҳои бузрги Фарғона ва Фарғонаи шимолӣ Аз ҳисоби
кӯлҳо низ Тоҷикистон бой мебошад. Аз ҷумла шумораи умумии онҳо тақрибан 1300
адад бо масоҳати умумии 705 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Калонтарини онҳо –
Қарокул, Сарез, Ёшилкул ба ҳисоб мераванд. Дар асос кулҳо дар баландии 3500
метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд. Дар баландкӯҳҳои
Тоҷикистон захираҳои азими барфу ях ҷамъоварӣ шуда, сарҳади иқлими барфи доимӣ дар
баландии 3500-3600 метр дар ҷониби ғарбӣ оғоз мегардад ва дар тарафи шарқӣ
бошад, то ба баландии 5800 метр боло мебарояд. Масоҳати прияхҳои Тоҷикистон
зиёда аз 8476 метри мурабаъро ташкил менамояд. мебошад. Дар ин ҷой зиёда аз ҳазор
пиряхҳо бо дарозии 1,5 километр ба қайд гирифта шудааст. Дарозии 16 адад пиряхҳо
зиёда аз 16 километр ҳар якеаш мебошад, аз ҷумла пиряхҳои Федченко ва Грум-Грҷимайло.
Иқлим Мӯътадил ва хушк. Дар моҳи январ ҳарорат дар водиҳо ноустувор аз 0 С то
+2 С-ро ташкил дода, дар баландкӯҳҳо то ба -30 С мефарояд, дар моҳҳои июл ҳарорат
дар водиҳо аз +23 С то +40 С ва дар кӯҳҳо аз +4 С то +15 С мебошад. Маълумоти Умумӣ Ахоли: 7,200,000 (2008) Масохатиумумӣ:143,100 кв.км Пойтахт: шахри Душанбе Забони давлатӣ: Тоиики Дин: мусулмонӣ Курби асъор : сомонӣ (1 сомонӣ = 100 дирам) Домени миллӣ: .TJ Президент : Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шахрхои бузург: Душанбе, Хучанд, Кургонтеппа, Кулоб ва Хоруг.
|
E-mail: tx@textil.tj Mobile: + 992 919 39 22 55 (Viber, WhatsApp, IMO, WeChat)
"TAJIKTEXTILE" ® Manufacturer of textile products