|
Хуш омадед ба сањифаи интернетии ЉДММ «ИИ Нассољии Тољик» - яке аз бузургтарин корхонаи истењсоли матоъњои пахтагин дар Тољикистон Суроѓа: Ҷумҳурии Тоҷикистон , шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 6 Телефон: (+992 37) 222-28-00 Факс: (+992 37) 222-26-26 E-mail: E-mail: tx@textil.tj Сайт: Skype: ttl-2008 |
ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик» Ҷамъияти дорои масъулияти
маҳдуди «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» яке аз бузургтарин корхонаҳои
саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҷойгир аст. Сохтумони навбати авали
корхонаи мо дар соли 1939 бо сохтани Фабрикаи ресандагию бофандагии №1 оғоз
ёфтааст, ки он дар соли 1942 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Давра ба давра навбатҳои
дигари корхона сохта ба истифода дода шуданд. Дар соли 1951 – Фабрикаи рангомезӣ,
дар соли 1959 Фабрикаи ресандагию бофандагии №2, ки минбаъд ба ҶСП «Нассоҷ»
табдил дода шуд, соли 1966 – Фабрикаи ресандагию бофандагии №3, ки минбаъд ба ҶСП
«Бофанда» табдил дода шуд ва дар соли 1999 Фабрикаи тозабунёди истеҳсоли бинтҳо
ва докаи тиббӣ ба истифода дода шудаанд. Моҳи ноябри соли 2008 ҳамаи ҷамъиятҳои саҳомии зикршуда дар ҳайати
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик"
муттаҳид карда шуданд ва то ҳоли ҳозир ширкат бо ин сохтор фаъолият намуда
истодааст. Сол аз сол коргоҳи нассоҷии
тоҷик бузургтар шуда истода, иқтидорҳои истеҳсолии худро афзун мегардонад ва ҳоло
ба як коргоҳи пуриқтидори бо техникаи ҳозиразамон муҷаҳҳазгашта табдил дода
шудааст. Ин коргоҳ бо истеҳсоли матоъҳои пахтагин, риштаи пахтагин, матоъҳои
нобофта, ватин, бинт ва дигар маҳсулоти тиббӣ аз дока, маҳсулоти дӯзандагӣ
махсугардонидашуда мебошад. Ҳоло дар ҳайати иттиҳодия
се фабрикаи ресандагӣ се фабрикаи бофандагӣ, фабрикаи рангомезӣ ва истеҳсоли
бинтҳо ва докаи тиббӣ фаъолият доранд. Ҳар моҳ корхона то 700 тонна нахи
пахтаро коркард намуда зиёда аз ду миллион метр матоъҳои пахтагин истеҳсол
менамояд, ки асосан ба хориҷи кишвар содирот карда мешаванд. Маҳсулоти ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик» ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон содирот карда
мешавад. Раиси Шўрои директорони ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик» Қурбонов Анвар Бозорович Ҳадафи
мо: Вобаста аз талаботи бозор рўз аз рўз афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти пахтагин,
мунтазам такмил додани истеҳсолот ва беҳтар намудани сифати маҳсулот. ҶДММ
«ИИ Нассоҷии Тоҷик» барои ҳамкории мутақобилаи судманд бо корхонаҳо ва ширкатҳои
ватанӣ ва хориҷӣ тайёр аст.
|
E-mail: tx@textil.tj Mobile: 00 992 919 39 22 55 (Viber, WhatsApp, IMO, WeChat)
"TAJIKTEXTILE" ® Manufacturer of textile products