Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, ҶДММ"ИИ Нассоҷии Тоҷик" - истеҳсол ва фурўши маҳсулоти пахтагин: матоъҳои гуногуни пахтагин, риштаи пахтагин, матоъҳои нобофта, ватин, бинт ва дигар махсулоти тиббӣ аз дока, маҳсулоти дўзандагӣ.

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ООО «ПО Нассочии Точик» - производство и реализация хлопчатобумажной продукции: хлопчатобумажных тканей, хлопчатобумажной пряжи, нетканого полотна и ватина, бинтов и других медицинских изделий из марли, швейных изделий.

Republic Tajikistan, Dushanbe, LLC «Industrial мanufacture  Nassojii Tajik» - produce and realization of cotton production: cotton fabrics, cotton yarn, a nonwoven cloth and batting, bandage and other medical products from a gauze, garments.

 

 

 

                                             Хабарҳои тоза

01 августи соли 2018.

                                                 Ярмаркаи фурӯши либоси ягонаи мактабӣ

        Дар назди ҶДММ"ИИ Нассоҷии Тоҷик" ярмаркаи доимоамалкунандаи фурӯши либоси ягонаи мактабӣташкил карда шудааст. Волидайн ва хонандагон метавонанд барои харидорӣ намудани либоси ягонаи мактабӣ ба Мағозаи фурӯши либоси мактабии  ҶДММ"ИИ Нассоҷии Тоҷик" омада, либосҳои шинаму зебои истеҳсоли ватаниро барои фарзандони худ интихоб намуда, харидорӣ намоянд.

Мағозаи фурӯши либоси мактабии ҶДММ"ИИ Нассоҷии Тоҷик" дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ, 6 (истгоҳи Текстил) воқеъ гардидааст.

        Дар ин ҷоба харидорон инчунин мутахассисони фабрикаи дӯзандагии корхона барои интихоб намудани либоси мактабӣкӯмак менамоянд.

        Либосҳои ягонаи мактабии истеҳсоли ҶДММ"ИИ Нассоҷии Тоҷик" мувофиқи талаботи дастурамали либоси ягонаи мактабӣ дӯхта шудаанд. Корхона дар тайёр намудани тарҳи либоси мактабӣ доимо пешниҳодҳои волидайн ва  хонандагонро ба инобат гирифта, либоси ягонаи мактабии зебо, шинам ва хушсифатро  ба харидорон пешниҳод менамояд.

       ҶДММ"ИИ Нассоҷии Тоҷик" соли ҷорӣ бо Раёсатҳои маорифи ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат,  Норак, Темурмалик ва дигар ноҳияҳо шартнома баста, мувофиқи дархости онҳо либоси мактабиро духта тайёр намудааст.   

Аз волидайн ва хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки бо ҳама дархосту пешниҳодҳо оиди харидорӣ намудани либоси мактабӣ метавонед ба мудири мағоза Маллаев Акбар бо телефони мобилии 555 50 61 18 тамос бигиред.

Марҳамат ба ярмаркаи фурӯши либоси ягонаи мактабӣ! 

 

 

 

 

                                              E-mail: tx@textil.tj         Mobile: + 992 919 39 22 55  (Viber, WhatsApp, IMO, WeChat)

 

        "TAJIKTEXTILE" ®  Manufacturer of textile products